Пӯшидан
Воридшави
Логин:
Рамз:

Рамзро фаромӯш кардед?
Ба қайд гири
992 250 32 82

734026, ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 59


 Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии
                       Тоҷикистон" -"Шифобахш"

Таърихи мо

1394680876_sax-1.jpg

          Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон -"Шифобахш" (МД ММТ ҶТ - "Шифобахш") яке аз муассисаҳои калонтарини клиникии   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда соли 1964 таъсис дода шудааст.

          Сардухтури аввалини беморхонаи номбаршуда духтури атфоли дараҷаи олии касбӣ Крамарова Надежда Михайловна буда аз моҳи августи соли 1964 ба ҳайси сардухтури беморхона номзади илмҳои тиб Мансуров Асрор Асламович таъин шуд, ки ба души он кас кори ниҳоят зиёд боиси тайёр ва таъмин кардани шўъбаҳои махсусгардонидашуда бо кадрҳои баландихтисос ва таъминоти он бо дастгоҳ ва анҷомҳои тиббии зарурӣ афтод.

          Аз моҳи январи соли 1965 дар вазифаи сардухтури беморхона номзади илмҳои тиб Абдуллоев Абдулҳаким Қозиевич таъин гардид, ки барои мустаҳкам гардонидани соҳаҳои махсусгардонидашудаи тиб ва ташкил кардани соҳаҳои ёрирасони соҳаи тиб хизматҳои шоён кардааст.   Баъдан, ба ҳайси сардухтурони беморхона шахсони зерин, аз ҷумла: Фишман Д.Г., Холматов Ш.Х., Одинамамадов О.О., Турина Н.Е., Анваров А.К., Аюбов М.К., Зарипов С.З., Нарзуллоев Р.Н., Шукуров Н.Ш., Мираков Р.С., Наимов Р.К., Салимов Н.Ф., Пиров А.П., Шехов А.Ҷ. Хаётзода.Н.Ш. таъин шуданд, ки ҳар яки онҳо барои рушди беморхона, ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхисию муолиҷавӣ ва истифодаи таҷҳизотҳои нави муосир дар ташхис ва муолиҷаи беморон ҳиссаи назаррас гузоштаанд. Дар ин ҷода хизматҳои шоён ва намоёни як қатори онҳо Одинамамадов О.О., Аюбов М.К., Салимов Н.Ф., ва Шехов А.Ҷ., -ро боиси боз ҳам тараққӣ додани соҳаҳои махсусгардонидашудаи тиб, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкилию - муолиҷавии муосир аз ҷумлаи томографияи компютерӣ, рентгени ададӣ, эндовидеоҷарроҳӣ ва эндоскопияи ташхисӣ қайд кардан ҷоиз аст.

          Аз моҳи октябри  соли 2018 дар вазифаи директор н.и.т. Шамсзода Х.А. таъин гардид, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедраҳои ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино ва ДТБКСТТ барои беҳгардонидани хизматрасонии баландихтисоси соҳавӣ ва ободонии шўъбаҳои махсусгардонидашуда аз рўи нақша ва дастурҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш бурда истодааст.

           Дар марказ   61 шуъба фаъолият менамояд, ки   аз  онҳо 35 тоаш шуъбаи муолиҷавӣ буда  26  тоашро шуъбаҳои ёрирасон ташкил медиҳанд. Фонди катҳои Марказ бошад 1070 катро ташкил медиҳанд. Аз онҳо, барои калонсолон - 539 кат  ва   барои кудакон бошад 531 кат ҷудо карда шудааст.

          Айни ҳол, кормандони  Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон -"Шифобахш" , ҳамагӣ 2007 нафарро ташкил медиҳанд.  Аз он ҷумла; мутахассисони дорои маълумоти олӣ - 488 нафар, коркунони миёнаи тиб – 903 нафар, кормандони хурди тиб - 490 нафар, кормандони хоҷагӣ - 73 нафар ва кормандони қисми маъмурӣ - 53 нафар  мебошанд. Дараҷанокии мутахассисони дар марказ фаъолият дошта,   92,7% - духтурон ва 85,6 % - ро  ҳамшираҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.       Дар байни кормандони марказ: 32-нафар  бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустӣ”, 2 нафар бо Ордени Шараф, 1 нафар “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо  медали “Шафқат” сарфароз гардидаанд. 

          Дар   МД ММТ ҶТ -"Шифобахш", ки  ҳамчун пойгоҳи кафедраҳои ҷудогонаи муассисаи таълимӣ  ба ҳисоб меравад, 11  кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ва 4  кафедраи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 кафедраи Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии илмии клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кўдакона вуҷуд дорад.

          Дар ин кафедраҳо 11 профессор, 12 нафар докторҳои илми тиб, 16 нафар дотсентҳо, 48 нафар номзадҳои илми тиб, 86 нафар муаллимону кормандони хурди илмӣ фаъолият менамоянд.