Пӯшидан
Воридшави
Логин:
Рамз:

Рамзро фаромӯш кардед?
Ба қайд гири
992 250 32 82

734026, ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 59


 Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии
                       Тоҷикистон" -"Шифобахш"

Услуги

Қабули чашмпизишк аз 10 то 35 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:
 1. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо биомикроскоп, тонометр, авторефракератометр, визометр, линзометр ва ретиноскоп).
 2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.
 3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.
 4. Баррасии озмоишҳо (томографияи рагҳои сар, ренгенографияи каҷшавии биниш, УЗИ- шабакия(сетчатки))
 5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.
 6. Тавсияи табобат(навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ)
 7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.
 Дар зимни қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. Мутахассиси бахши чашмпизишкӣ (офталмологӣ)  доктор Палтангов О., Хомидов И., Сайчамолов К. рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули мизоҷон машғул аст. Бахши чашмпизишкӣ дар БИНОИ №2 ҷойгир аст ва дар ин ҷо бемориҳои гуногуни чашм аз қабилӣ: - олусӣ; - катаракта (оби марворид); - фишорбаландии чашм (глаукома); - илтиҳоби мултаҳима (конъюнктивит); - амблиопия ("чашми танбал"); - макулодистрофӣ; - синдроми чашми хушк; - астигматизм; - наздикбинӣ (близорукость); - дурбинӣ (далнозоркость); - птоз; - бемориҳои қарияи чашм; - блефарит; - бемориҳои пилкҳои чашм;- бемориҳои шабакияи чашм; - бемориҳои эндокринӣ дар кудакон ва бузургсолон ва тағйири синну солии қисмати пеши чашм (қария, инабия) ташхису табобат мегарданд. Инчунин дар бахши чашмпизишкии бемористон бо истифода аз усулҳои муосир ҷарроҳиҳои зерини чашм анҷом дода мешаванд: - факоэмулсификасия (ҷарроҳии оби марворид- катаракта); - ҷарроҳии олусӣ ва оризаҳояш; - синустрабекулэктомия - ҷарроҳии фишорбаланди дар чашм; - дакриосисториностомия (DCR) ҷарроҳӣ дар узвҳои ашк ва оризаҳои он; - гирифтани нохунак (птерегиум); - блефаропластика.
 Дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои навтарини табобат муоинаҳои зерини узви биноиро низ анҷом медиҳанд:
 1. Визометрӣ - муйян намудани тезбинии чашм.
 2. Авторефракератометрӣ - таҳқиқи компютерӣ қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавӣ - тезбинии чашмро муйян менамояд.
 3. Ретиноскопӣ - аз назаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм, минтақаи макула дар шабакия.
 4. Биомикроскопӣ - муоинаи қисмҳои пеши курраи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булурак ва ҷурми шишамонанд).
 5. Тонометрӣ - чен кардани фишори чашм.
 6. Линзометрӣ - муоинаи дараҷаи айнак.