Пӯшидан
Воридшави
Логин:
Рамз:

Рамзро фаромӯш кардед?
Ба қайд гири
992 250 32 82

734026, ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 59


 Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии
                       Тоҷикистон" -"Шифобахш"

Барномаҳои давлатӣ

                                                                                                                        hsip.jpg

Номи Лоиҳа: «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 

Роҳбари Лоиҳа: Насим Хоҷа Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ҳамоҳангсози Лоиҳа: Умарзода Саида Ғайрат, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Офитсери Лоиҳа: Мустафозода М.М. 

Ҳадаф ва ваз н.Данғара 134300 19 38 НТМ 12 27 н.Файзобод 88900 12 27 Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат аст: 1. Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият. 2. Пурзўр намудани муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббиву санитарӣ (КАТС): 2.1. Такмили сифат. 2.2. Такмили инфрасохтор ва заминаи моддию техникии КАТС. 3. Идораи лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ. Мўҳлати татбиқи лоиҳа: Санаи оғози Лоиҳа: 31 июни соли 2013; 

Санаи оғози фаъолияти Лоиҳа 30 ноябри соли 2013; 

Созишномаҳои грантӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти H 8790TJ ва TF 014871 Анҷоми лоиҳа: 31 декабри соли 2019 

                                                                      ОИДИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ЛОИҲА: 

Қисмати 1. Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) Фаъолияти муассисаҳои тиббие, ки шомили ин лоиҳа гаштаанд дар се давр натиҷагирӣ карда мешавад. Даври аввал аз чониби худи кормандони муассисаи тиббӣ ҷамъбаст крда мешавад. Дар даври дуюм фаъолияти онҳоро Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти тиббӣ санҷидаву натиҷагирӣ менамояд. Даври сеюми вверификатсия аз тарафи ташкилотҳои беруна, верификатсияи мустақил, дар айни ҳол ташкилоти ЮНИСЕФ баҳогузорӣ карда мешавад. Танҳо дар асоси ҷамъбасти ин се натиҷа холҳои бадастовардаи кормандони муассисаҳои тандурусӣ ҳисоб карда, тибқи он дар натиҷаи фаъолият маблағи иловагӣ ба онҳо пардохт карда мешавад. Илова бар ин, мутахассисони Лоиҳа мунтазам корҳои мониторинг ва баҳодиҳиро мувофиқи нишондиҳандаҳои Лоиҳа иҷро менамоянд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки аз аввали соли ҷори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ истифодабарии механизми МАНФ-ро дар асоси Дастурамали нав, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2016 №900 тасдиқ шудааст, оғоз намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи Лоиҳа ба беҳтаргардидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи муассисаҳои таҷрибавии КАТС мусоидат менамояд. Дар қисми зерин ташаккули нишондиҳандаҳои Лоиҳаро аз аввали татбиқи Лоиҳа пешниҳод менамоем. Шумораи кўдакони то 13 моҳа, ки ҳамаи вояи ваксинаро мувофиқи реҷаи иммунизатсияи муқаррарнамудаи ВТҲИА гирифтаанд. 6631 6956 10605 9756 8550 9370 12479 11497 8787 9077 11673 0 2000 4000 6000 8000 10000 12000 14000 Таҳлили маълумотҳои се давраи варификатсияи соли ҷори нишон дод,ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиши миқдори хизматрасонӣ аз рӯи ин нишодод мушоҳида мешавад. Фоизи кӯдакони то 13 моҳае, ки пурра эмгузаронӣ гардидаанд дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа 99,2%-ро ташкил намуд, ки ин яке аз беҳтарин дастовардҳои Лоиҳа ба ҳисоб меравад. Шумораи кўдакони то 5 сола, ки аз норасоии ғизои дараҷаи муътадил ранҷ мекашанд ва модарони онҳо оид ба ғизои мувофиқ ва парастории кўдакон машварат гирифтаанд ва дар онҳо динамикаи мусбат мушоҳида карда мешавад. 1567 5142 9968 11385 13177 18695 18522 14601 7139 6462 7774 0 5000 10000 15000 20000 Шумораи занони ҳомиладоре, ки барои гирифтани КТТТ дар 12 ҳафтаи аввали ҳаёт дар қайд истодаанд. 7802 7812 6263 6918 10642 9861 7645 7424 10594 8907 7406 0 2000 4000 6000 8000 10000 12000 Шумораи занони ҳомиладоре, ки барои гирифтани кўмаки тиббии тотаваллудӣ (КТТТ) лоақал чор бор ба МСД/БС ташриф овардаанд, ҳамзамон ташрифи охирин барои КТТТ (4-ум, 5-ум, 6-ум ё 7-ум) бояд на дертар аз 14 рўзи то мўҳлати пешбинишудаи зоиш ҷой дошта бошад. 5335 6058 9183 8917 7567 8659 10436 9350 7081 7113 9882 0 2000 4000 6000 8000 10000 12000 Шумораи модароне, ки ташрифи аввалаи баъдитаваллудии патронажиро дар давоми се моҳи аввали баъди аз таваллудхона ҷавоб шудан гирифтаанд. 5545 6410 9416 9376 7854 8588 10825 10454 7543 7495 10273 0 2000 4000 6000 8000 10000 12000 Шумораи беморони синни аз 17 сола калонтар, ки дар онҳо ташхиси фишорбаландӣ гузошта шудааст ва мувофиқи протоколи миллии клиникии ВТҲИА муолиҷа гирифтаанд. 3510 4520 4978 6624 7093 6627 5615 4601 4050 3356 3691 0 2000 4000 6000 8000 Шумораи беморони синни аз 17 сола калонтар, ки ба онҳо ташхиси фишорбаландӣ гузошта шудааст ва мувофиқи протоколҳои миллии клиникии ВТҲИА муолиҷа гирифтаанд. 3313 5643 9912 12447 17848 25034 25929 20170 20367 20404 23082 0 5000 10000 15000 20000 25000 30000 69 81 86 88 83 85 87 87 64 71 77 0 20 40 60 80 100 се моҳа-1, 2015 се моҳа-3, 2015 се моҳа-1, 2016 се моҳа-3, 2016 се моҳа-1, 2017 се моҳа-3, 2017 Балҳои сифатии МАНФ Қисмати 2. Пурзўр намудани муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС): Дар соли 2017 бо дастгирии Лоиҳа 171 нафар кормандони сатҳи кӯмки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаро гирифта шуданд.Дар Марказҳои таълимию клиникии вилоятҳои Суғд ва Хатлон 113 мутахассисони маҳаллӣ бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ ҷалб гардида вилояти Суғд 63 (12 табиб ва 51 корманди миёнаи тиб); вилояти Хатлон 48 (4табиб ва 46 корманди миёнаи тиб) ва н.Файзобод 58 корманди миёнаи тиб онро бо муваффақият хатм намудаанд. Инчунин, 2025 нафар мутахассисони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ бо омӯзиши мутаасил фаро гирифта шудаанд аз ҷумла, вилояти Хатлон 1160 (195 табиб ва 965 корманди миёнаи тиб), вилояти Суғд 635 (153 табиб ва 482 корманди миёнаи тиб) ва н.Файзобод 230 (27 табиб ва 203 корманди миёнаи тиб). Зерқисмати 2. Такмили инфрасохтор ва заминаи моддию техникии КАТС: Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» мувофиқи қарордоди Бонки ҷаҳонӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Аз аввали соли 2017 барои сохтмон ва азнавсози марказҳои саломатии деҳотӣ ноҳияҳои таҷрибави аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 6 МСД ,вилояти Суғд 6 МСД, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду МСД ва н Файзобод ду МСД 16 шартнома баста шуда корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Айни замон, корҳои сохтмонӣ дар 28 иншоот мувофиқи нақша идома доранд. То охири соли 2017 10 иншоот барои пешниҳод ба комиссияи корӣ таёр мешавад. Дар назар аст, ки ҳамаи иншоотҳои банақшагирифташуда то миёнаи соли 2019 ба истифода дода мешаванд. Маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи КАТС. Мақсади асосии ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ ин тақсими одилонаи маблағҳои муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ буда, дар ҷумҳурӣ аз соли 2005 сар карда ин механизм дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ гардида истодааст. То имруз як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба татбиқи маблағгузории сарикасӣ бо назардошти ҳамаи моддаҳои хароҷотӣ дар сатҳи миллӣ таҳия гардида, бо фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №23 Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», ки дар он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд таҳия кардани ҷадвали гузариши муассисаҳои КАТС ба маблағгузории сарикасиро ба ўҳда мегиранд. Дар доираи қарори мазкур меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ барои соли 2017 барои марказҳои саломатии шаҳрӣ (МСШ) дар ҳаҷми 48.24 сомонӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ (МСН) дар ҳаҷми 38.47 сомонӣ тасдиқ шуданд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2016, №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ», фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2017, №150-31 Дар бораи «Ҷадвали номгўи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба маблағгузории сарикасӣ барои солҳои 2017-2019 дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд» аз 87 муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ 66 -адади он дар соли 2017, ки 76%-ро ташкил медиҳад, дар доираи маблағҳои ҷудогардида, ба маблаггузории сарикасӣ гузаронида шудаанд. Айни замон, корҳо оид ба расонидани кўмаки техникӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС идома дорад. Қисмати 3. Идоракунии Лоиҳа: Дар самти мониторинг ва баҳодиҳии Лоиҳа ҷаъм ва таҳлили маълумот оиди фаъолият Лоиҳа мувофики талабот ба роҳ монда шуда ҳисоботҳо саривақт ба вазорату мауссисаҳои дахлдор пешниҳод мегарданд. Фаъолият дар самти кор бо аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми соли 2017 57 барномаву гузориш дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, 24 репортажу барнома дар радио оид ба фаъолияти Лоиҳа таҳия ва пахш гардид. Инчунин, 10 мавод оиди татбиқи Лоиҳа дар рўзномаҳо нашр шуд