Пӯшидан
Воридшави
Логин:
Рамз:

Рамзро фаромӯш кардед?
Ба қайд гири
992 250 32 82

734026, ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 59


 Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии
                       Тоҷикистон" -"Шифобахш"

Приоритетный национальный проект «Здоровье»

 logo-tj.png

                     Муқовимат бо коррупсия

 Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. 


Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

      Коррупсия  яке  аз  зуҳуроти  хавфноки ҷомеа буда,  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин  ва  яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии МД ММТ ЉТ –«Шифобахш»  барои солҳои 2013-2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ ҷалб намудани тамоми устодону донишҷуён ва кормандони Беморхона таҳия шудааст. Барнома барои амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар МД ММТ ЉТ –«Шифобахш» ва зерсохторҳои он мусоидат менамояд. 

Робарияти МД ММТ ЉТ –«Шифобахш» ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи идоравии зиддикорупсиониро (минбаъд Барнома) таҳия намудааст.     

 

    Агар ба ҳолати коррупсионӣ дучор шудед, ва ё хавфи имконпазири коррупсиониро мушоҳида намудед, пас тавассути почтаи электронии зерин shamszodakhizmatullo@mail.ru моро огоҳ сохта, дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия саҳмгузор бошед.  

2.png 

_-.jpg  

28777c40f8065d58cf835af423ddec7c.jpeg