Пӯшидан
Воридшави
Логин:
Рамз:

Рамзро фаромӯш кардед?
Ба қайд гири
992 250 32 82

734026, ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 59


 Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии
                       Тоҷикистон" -"Шифобахш"

Тавсияҳо



Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?

        ВНМО (ВИЧ) – Ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи   вирусони   иртиҷоӣ   (Retroviridae),   ҷинси   лентивирусҳо  (Lentivirus)   дохил   мешавад. Номи  Lentivirus  аз  мазмунӣ  калимаи лотиниlente-сустӣ  асос  ёфтааст.

        Барои  лентивирусҳо  инчунин давраи  дурударози ниҳонӣ  хос  астВНМО–аз  ҳама вируси  омухташуда  дар  ҷаҳон мебошадОдамони бо ВНМО  зиндагикунандаро,  инчунин   ВНМО – мусбӣ  (мусбӣ +), ё  ин  кимубталои  ВНМО меноманд.

ВНМО – соли 1983  дар  ду лабаратория  аз ҳамдигар   новобаста кашф гардидааст.

    Дар  Институти  Пастер  дар Фаронса  таҳти роҳбарии  Люк  Монтанье.
    Дар Институти  миллии бемориҳои  саратон  дар  ИМА  таҳти роҳбарии Роберт  Галло.

        Тадқиқотчиён  пешниҳод  намуданд,  ки вирусҳои  аз  ҷониби  онҳо ҷудошуда метавонанд  боиси гирифтории Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД)  гарданд.  Дар  соли 1986 маълум  гардид,  ки вирусҳои  азҷониби  муҳаққиқони  Фаронсавӣ  ва Амрикоӣ  дар  соли  1983 кашфнамуда комилан ба  ҳам  мутобиқанд.  Нахустноми  вирусҳо бекор карда  шуда, як  номи  умумӣ ВНМО  пешниҳод  карда  шуд.

Роҳҳои гузариш

1) Тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сузандоруҳохунгузаронӣтаҷҳизотҳоитиббии тамизношуда)

2) Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода азрифола)

3) Аз модар ба кудак (ҳангоми ҳомиладорӣтаваллудширмаконӣ)

Дар ҳамаи моеъҳои биологии организм вирус вуҷуд дорадва дар  4-моеъҳоеики нисбат ба дигар моеъҳо кансентратсияаш баланд мебошад ва сатҳи сироятёби нисбатан зиёд аст.

1) Хун

2) Нутфа

3) Тарашуҳоти маҳбал

 4) Шири сина

Дар  айни замон чунин  намуди ташхисгузаронӣ     вуҷуд    дорад:

1. Тести оҷилӣ

2. Анализи Имуноферменти

3. Имунаблот (Муаян  кардани  РНК  вирус)

Нишонаҳои гирифтор шудан ба Вируси норасоии масунияти одам чи гуна аст?  

         Марҳилаи ноаёнӣ— аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун  ҳангоми ташхиси  лабаратори муайян карда намешавад.

       Давраи инкубатсионӣ  аз 2 то 10 сол  бе ягон аломатҳои  клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории  пайдошудаи  норасоии  масуният

         БПНМ (СПИД) –  бемории  пайдошудаи  норасоии  масуният.  Марҳилаи  охирини сирояти  ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасои мебошад, ки метавонад бо гузашти  аз 2 -15 сол вобаста  ба  ҳолатимасунияти инсон  инкишоф  ёбад.  Барои  БПНМ инкишофи  баъзенамудҳои бемории саратонсироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣхос аст.

Оиди пешгирии Вируси норасоии масунияти одам каме ҳарф мезадед?

Чорабинаҳо оиди кам кардани хатари сироятёбӣ аз  ВНМО.

Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.

Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата.

Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бошахсони бегона.

Муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣмаҳбасбаргашта,нашъамандони инекқионӣ.

Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.

Агар зани ҳомила гирифтори ВНМО бошадҳатман муолиҷаи зиддиретровируси гирад. Занҳоеки  табобати  зидиретровирусиро  гирифтаандҳангоми  таваллуд хавфи  сироятёбии тифл  то  2% мебошанд.

        Барои табибон: Дар  ҳолати  руй  додани  ҳодисаҳои нохушдар ҷои корӣ зина ба зина гузаронидани  чорабиниҳои зерин зарур аст.

А. Тамос  бо  хун ё дигар  маҳлулҳои  биологи дар  ҳолати  осеб  дидани пуст  сурохшавӣбуридани  пуст:

    кашидани тарафи берунаи дастпушакҳои  кори  ба дарун
    интизор  шудан то ҳолатеки хун  равад
    бо собун дар зери оби  равон шуста, хушконида ва баъд бо  спирти  этилии 70% , перекиси водородии  3% ҳангоми сурохшавӣва  маҳлули йоди 5% дар  ҳолати  буридан  тоза  кардани  дастон,  дар  болои захм  часпакварақ мондапушидани  ангуштпушак лозим  мебошад.

Б. Афтидани  хун ва  биомаводҳо ба луобпардаҳо:

    ковокии даҳонро  аввал  бо  об ва  баъд бо  спирти  этилии       70%чайқонед.
    Ковокии биниро  бо  об шуста   баъд  бо  маҳлули  1%  протаргол  тозакунед  ё  маҳлули 20-30 % албутсиро  чаконед.
    Чашмонро  бо  дастони  покиза  бо  об ё  кислотаи  борий  1%  шуед  ва  баъд  маҳлули  20-30  %  албутсидро  чаконед.

Роҳҳои табобати ин бемори чи гуна аст?

        Дар  айни  замон доруҳое,ки  барои боздоштани афзоиши  сирояти  ВНМО  дар  бадан  равона карда  шудаанд,  мавҷуданд. Ин муолиҷаро –меноманд.  Яънеодами  ВНМО— мусбат ҳангоми сари вақт сар кардани таъиноти зиддиретровирусӣ метавонад умри  дароз ва пурбаҳо ба сарбарад. Таиноти зидиретровирусӣ    аз 3 намуди дорувори иборат аст:

1. Ламивудин т/б   150мг

2. Зидавудин  т/б    300мг

3. Невирапин   т/б   200м

        Зане, ки  аз  3-моҳ  зиёд  табобати  зидиретровирусиро гирифта бошад ва  сатҳи имуни (СД4+  аз 350 ҳуҷайра)  баланд  бошанд  ва  сарбори вируси   аз  500 копи  дар як микролитри  хун  паст  бошад  зан  метавонад  кӯдаки солим таваллуд  кунанд.

Занҳое, ки  табобати  зидиретровирусиро  гирифтаанд,  ҳангоми  таваллуд хавфи  сироятёбии тифл  то  2%  мебошанд .

Занҳое, ки  табобати  зидиретровирусиро  нагирифтаанд  хавфи  сироятёбии тифл аз  30-40 % мебошад.


Гепатитҳои вируси чи гуна бемори аст?

Намудҳои гепатитҳои вируси мешаванд:  «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатити вирусии «А» ва «Е»-ин бемории шадиди сироятии вируси буда, бо роҳҳои фазладаҳони, бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо мешавад.

Барангезандааш: -энтеровируси генотипи РНК-миқдор мебошад. Гепатитҳои «В» ва «С»-ин бемории шадиди сироятии вируси буда, бо роҳҳои перкутани (задани ягон чизи бегона) ва дар вариантҳои гуногуни клинико-патогенетики мегузарад, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад. Гепатитҳои вируси ин яке аз мушкилотҳои ҷиддии Тандурусти дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки беморшави зиёд шуда истодааст, ҳам намуди шадид ва музмин, ки ба оқибатҳои нохуш (иғмои чигар-печеночная кома, гепатитҳои музмин, сиррози ҷигар, гепатомаи гепатоцелюляри) ва ба фавт оварда мерасонад.

Барангезандаи гепатити вируси «В»-вируси гепатнавириде, гуруҳи бетоксоникии ДНК-миқдор ва гепатити вирусии «С» ва «Д» РНК-миқдор мебошад.

Нишонаҳои бемори чи гуна аст?

Нишонаҳои саририи гепатити вируси «А» ва «Е»-аз давраҳои ниҳони, авҷгири ва сиҳатшави иборат мебошад.

1) Давраи ниҳони аз7-21 то 30-50 рӯз идома медиҳад. Бемори шадид, бо заҳролудшавии бадан, баландшавии ҳарорати бадан то 38-40 градус, аломатҳои катарали-газакгирии гулу ва бинӣ, дарди сар, беқуввати, беиштиҳои, дилбеҳузури, яъне зукоммонанд сар мешавад. Баъди 3-4 рӯз гузаштан ивазшавии ранги пешоб, фазла ва калоншавии ҷигар ва испурч (20%) дида мешавад.

2) Давраи авҷгири 2-3 ҳафта давом мекунад. Нишонаҳои давраи ниҳони паст шуда, дар пардаҳои луобии забонча, коми сахт ва милки чашмон, баъдан дар пусти бадан, сафедии чашмҳо-зарди пайдо мешавад, ин ташхиси-тифрикии  асоси ВГА ва ВГЕ назар ба дигар гепатитҳо мебошад.

3) Давраи сиҳатшави аз 1-2 то 8 моҳ давом мекунад, нишонаҳои бемори оҳиста-оҳиста нест шудан мегирад. Нишонаҳои сарии  ВГВ-  ВГС-  ВГД: — давраи ниҳони аз 60 -120-180 рӯз иборат аст. Нишонаҳои асосии бемори оҳиста-оҳиста сар мешавад, бо беиштиҳо, беқуввати, дилбеҳузури, зардаҷуши, дарди кунд дар мавқеъи меъда ва зерқабурғаи рост, дарди буғумҳо баъди 1-2 ҳафта, ранги пешоб ва фазла иваз шуда,  пайдошавии зардии пусти бадан ва сафедии чашмҳо дида шуда, ҷигар ва испурч аз меъёр калон мешавад.

— Давраи продромали (пеш аз зардшави) 5-60 рӯзро дар бар мегирад, ки аз 3-алоимҳо иборат аст: астеновегетативи, диспепсики ва артралгия. Бемор, беиштиҳо, беқуввати, дилбехузурию қайкуни, гоҳо пайдошавии бусуротҳо дар пусти бадан ва гоҳо дардҳои мушакҳою буғумҳо. Давраи зардшавии  пусти бадан ва сафедии чашмҳо: аз 7-30 рӯз давом медиҳад. Бемори бо оҳиста баландшавии зардии пусти бадан, заҳролудии бадан, ивазшави ранги пешоб ва фазла, калоншавии ҷигар ва испурч, каме дардноки дар мавқеъи ҷигар, гоҳо дамиши шикам.

— Давраи сиҳатшави 2-12 моҳ давом мекунад. Ҳамаи нишонаҳои бемори оҳиста-оҳиста нест мешавад.

Ин бемори роҳҳои табобат дорад ё на?

Албатта, агар беморон бармаҳалу сари вақт ба табиб муроҷиат кунанд 100%-табобатшаванда аст. Беморро бо дорувориҳои зидди вируси, энтеросорбентҳо, ферментҳо, барои ҳимоятгарии ҷигар (гепатопротекторҳо), моҳҳои зидди заҳролудшави, дегидротациони, глюкокорти костероидҳо, гемостатикҳо, плазмо-гемотрансфузия, антибиотикҳо ва ғайраҳо табобат меёбанд.

Аз ҳама беҳтар чи бояд кард, ки ба ин бемори гирифтор нашуд, пешгирии ин бемори дар чист?

Одами солим бояд барои пешгири аз ин беморӣ ба беҳдошти шахсии худ риоя кунад. Ҳамеша  дастонро шуяд, оби ноҷушидаро истеъмол накунанд, кӯдакони навзодро дар таваллудхона  ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вируси пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд, ҷудо нигоҳ доштани бемор, таҳти назорат гирифтани шахсони дар тамос буда. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда. Риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии чунин бемори бисёр муфид аст.