Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ҶАЛАСА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 04 Октябри 2019
Диданд: 1289

4-уми октябри соли 2019

4-уми октябри соли 2019 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати кормандони ин ниҳод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро директори Марказ Икромӣ Х. И. ифтитоҳ карда, сараввал аҳли нишастро ба муносибати иди Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфт. Мазкур бо таҳнияти ҳозирон роҷеъ ба забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти он барои ҳастии миллат, рушди забон дар даврони истиқлоли кишвар ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ёдовар шуда, аз ҷумла, зикр кард, ки барои мо мояи фахру сарфарозист, ки соҳибони як забони басо бостонию ғанӣ ва ҷаҳонием. Мақоми давлатиро гирифтани забони тоҷикӣ яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои маънавии давлат, боло рафтани ҳувийяти миллии шаҳрвандон, таҳким ёфтани ҳисси худогоҳии соҳибзабонон аст.

Риоя кардани Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, ки воқеан, як забони хеле шевою ширину гӯшнавоз аст, рисолати ҳар яки мо, шаҳрвандони мамлакат ба ҳисоб меравад. Ниёгонамон асолату покии забони порсӣ – тоҷикӣ, ин забони шевою шоиронаро то ба замони мо маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст, зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани он аст, ‒ қайд кард мазкур.

Сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳон Ҷамшед Азимов пиромуни забони тоҷикӣ – порсӣ,  бузургдошти он андешаронӣ кард. Мазкур аз ҷумла, тазаккур дод, ки дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, риояи қоидаҳои имло ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аъзои Комиссия мақсад доранд, ки дар оянда низ барои иҷрои муқаррароти Қонуни нави забон фаъолияти худро густурда ба роҳ монда, дар татбиқи он саҳми худро гузоранд.

Дар ҷаласа, инчунин, Нурилло Мирзоматов, Абдубосит Нуралиев ва чанде аз кормандон ‒ мутахассисони соҳаи забон ибрози андеша карда, ҳамагонро ба посдорӣ ва тоза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ даъват намуданд. Аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози истиқлолият масъалаи забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати давлатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон