Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

КОРҲОИ ИТТИЛОЪРАСОНӢ БАРОИ ОМОДАГӢ БА ИМД-2016

Нашр шуд: 23 Декабри 2015
Диданд: 1267

Душанбе, 23-юми декабри соли 2015

Корҳои иттилоърасонӣ барои омодагӣ ба ИМД-2016 аз моҳи ноябри соли ҷорӣ шурӯъ гардид. То имрӯз кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои иттилоърасониро анҷом доданд. Чорабиниҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2016 бо иштироки роҳбарон, омӯзгорон  ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ созмон дода шуданд.

Корҳои иттилоотии мазкур дар давоми моҳҳои ноябр ва декабр дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа ва Шуғнон баргузор карда шуда, дар рафти онҳо дар бораи мавзӯъҳои муҳимми ИМД – интихоби касб ва ихтисос, талаботу тавсияҳо барои интихоби дурусти ихтисосҳо бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, гурӯҳҳои ихтисосҳо, интихоб ва бартарии интихоб, қисмҳои имтиҳон (А – имтиҳони умумӣ ва Б – имтиҳони ихтисос, имтиҳонҳои эҷодӣ ва ё маҳорати махсус), субтестҳо (фанҳо)-и имтиҳонӣ ва ғайра ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ дода шуд. Иштирокдорон ба мавзӯъҳои баёнгардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, дар бораи паҳлуҳои гуногуни онҳо ба кормандони Марказ саволҳо доданд. Мутахассисони Марказ ба ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар маҷмӯъ, Марказ 277 вохӯрӣ гузаронид, ки дар онҳо 19480 нафар, аз ҷумла, 18216 хонанда ва 1264 омӯзгор ширкат карданд. Айни замон корҳои иттилоърасонӣ идома дорад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон