Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 01 Феврали 2019
Диданд: 1570

Душанбе, 1-уми феврали соли 2019

nishasti-matbuotiМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.12.2018, № 26/10-179) тасдиқ шудааст, рӯзи 31-уми январи соли 2019 дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ АМИТ “Ховар” нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Дар ин нишасти хабарӣ намояндагони 30 расонаи иттилоотии давлативу мустақили кишвар, аз қабили рӯзномаву ҳафтаномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ширкат варзиданд. Қаблан барои намояндагони воситаҳои ахбори омма эъломияи иттилоотӣ (пресс-релиз) дар шакли китобча (20 саҳифа) оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 бо забони тоҷикӣ пешниҳод карда шуд. Дар он оид ба муҳимтарин ҷабҳаҳои кори муассисаи номбурда дар соли гузашта мухтасар маълумот дода шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Хуршед, муовини якуми директор Ҷаъфаров С. Ф., ёвари директор Юлдошев А. Ш., сардорони шуъбаҳо ва дигар шахсони масъули муассиса ҳузур доштанд.

Директори Марказ аз ҳамкории рӯзноманигорон бо Марказ ва иштироки онҳо дар корҳои таблиғотию иттилоърасонӣ вобаста ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва умуман, фаъолияти Марказ, масъалабардории онҳо аз тариқи ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки азбаски оид ба фаъолияти муассиса маълумотнома бо забони давлатӣ омода ва ба ҳозирин пешниҳод гардидааст, зарурати додани маълумоти умумӣ нест ва барои сарфаи вақт дарҳол ба посухи суолҳои хабарнигорон гузаштан ҳадафманд хоҳад буд.

Хабарнигорон ба саволҳои худ дар бораи умдатарин масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, навгониҳои имсола дар низоми ин имтиҳонҳо, аз байн рафтани падидаҳои номатлуби қаллобию фасод ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ғайра посух гирифтанд.

Маълумотнома оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дастраси намояндагони ВАО гардонида шуда буд, дар сомонаи расмии Марказ низ гузошта шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон