Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТУ ВОХӮРИҲО БО ХАТМКУНАНДАГОН

Нашр шуд: 01 Феврали 2016
Диданд: 1260

Душанбе, 1-уми феврали соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯйи маводи иттилоотиву методии омодакардаи Марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим карда шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин, дар баробари маводи иттилоотии зикргардида, ба муассисаҳои таълимӣ Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва диск (намунаи электорнии маводи лозима) тақсим карда шудааст.

Курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 18-20 январ ва шаҳр/ноҳияҳо 27-29 январ (дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Марказ, дар сатҳи шаҳр/ноҳияҳо аз ҷониби таблиғгарони омӯзонидашуда – кормандони раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи кишвар) аллакай гузаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ, барои чорабинии мазкур 92 намояндаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҷалб гардидаанд.

Мутобиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Курси омӯзишӣ 1-уми феврали соли 2016 дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ шурӯъ мегардад. Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишро барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ муаллимони онҳо, ки дар сатҳи шаҳр/ноҳияҳо барои омӯзиш ҷалб шуда буданд, доир менамоянд.

Аз ҷониби кормандони Марказ бо хатмкунандагон, инчунин бо муаллимон ва падару модарони эшон аз 2-юм то 29-уми феврали соли ҷорӣ вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Ба падару модарони хатмкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар бораи ҷадвали баргузории вохӯриҳоро аз муассисаҳои таълимӣ маълумот гирифта, дар онҳо иштирок намоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон