Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ОҒОЗИ ТАҲҚИҚОТИ АСОСИИ БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АРЗЁБИИ ХОНАНДАГОН PISA 2025

Нашр шуд: 02 Апрели 2025
Диданд: 879

Душанбе, 2-юми апрели соли 2025

2-юми апрели соли 2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 (Programme for International Student Assessment)  оғоз гардид. Мувофиқи нақша ин таҳқиқот аз 2-юм то 25-уми апрели соли равон дар 160 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо иштироки 6257 хонандаю таълимгирандагони муассисаҳои таълимии зикргардида гузаронида мешавад.

PISA таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилоти умумӣ буда, дар доираи он дониш ва малакаю маҳоратҳои хонандагони 15-солаи муассисаҳои таълимии кишварҳои гуногун дар се самт – саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия ва биология) арзёбӣ карда мешавад.

Мақсади асосии таҳқиқот арзёбии саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и мактаббачагон ва қобилияти дар амал истифода намудани дониш аст. Таҳқиқот даврӣ буда, ҳар чор сол як маротиба аз тарафи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор мегардад. Таҳқиқоти мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки мувофиқи созишномае, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба имзо расонидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) иштирок мекунад.

Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани ин таҳқиқот таъйин шудааст. Вобаста ба ин, тибқи талаботи барнома дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии PISA, ки корҳоро барои баргузории ин барнома анҷом дода истодааст, таъсис дода шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон