Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 05 Октябри 2022
Диданд: 2052

Душанбе, 5-уми октябри соли 2022

5-уми октябри соли 2022 ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Марказ бо кормандони дафтари асосии муассиса иштирок карданд.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният ва пиромуни ҷашни мазкур мухтасар сухан гуфт.

Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки дар даврони истиқлоли кишвар таҳти сиёсати ватандӯстонаю миллатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳу манзалати забони тоҷикӣ баландтар гардид. Нақш ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, воқеан, арзандаи ситоиш аст.

Қабули санаду барномаҳо, аз ҷумла “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, таҳким ёфтани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ, таълифи асарҳои зиёди илмии соҳавӣ дар ташвиқу таблиғи худшиносии миллӣ, афзудани нуфузи байналмилалии забони тоҷикӣ аз ҷумлаи хидматҳои шоён ва хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба шумор меравад, - қайд кард Ҷаъфарзода С. Ф..

Мазкур таъкид кард, ки ҳифзу арҷгузории забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – ин сарвати беназири миллат, донистану риоя кардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ва роҳнамоии дигарон дар ин самт, тарбияи фарзандон дар руҳияи забондӯстӣ  барои ҳар яки мо, хусусан ба кормандони мақомоти давлатӣ хеле зарур мебошад.

Сипас сармутахассиси фанни таърихи Марказ Абдуллоев Раҳматулло оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таърихи қабули он, мубориза ва талошҳои фарзандони миллат барои баланд бардоштани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ суханронӣ кард.

Ҳамчунин, кормандони Марказ Азимов Ҷамшед ва Фазлиддинзода Абдулбосит низ ба сухан баромада, роҷеъ ба забони тоҷикии форсӣ, бузургдошти он, мавқеъ ва манзалати имрӯзаи забон дар ҷомеа ва давлату давлатдорӣ ва амсоли инҳо ибрози назар карданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон