Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ТАБРИКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЪФАРЗОДА САБЗАЛӢ ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Нашр шуд: 18 Марти 2022
Диданд: 2613

Ҳамватанони гиромӣ!

Мо дар арафаи бузургтарин ҷашни миллӣ, муҳташамтарин иди аҷдодӣ − Наврӯз қарор дорем. Наврӯз иди табиат, ҷашни эҳёву зебоию баракату ҳишмати табиат, иди тамоми башарият, ҷашни саодати инсоният аст.

Наврӯз ҷашне нест одию моддию сода, балки идест фарҳангҷавҳарӣ ва ботинмаънавӣ. Яъне, Наврӯзи хушрӯз дар худ фарҳанг, адабу тамаддун, расму ойинҳои миллии ниёкони моро низ гунҷонидааст. Он, ҳамзамон бо зебоиофарину нузҳатозин буданаш, пайвандгари табиат бо одам буданаш, моро ба сӯи худогоҳию хештаншиносӣ, миллатдӯстдорию меҳанпарварӣ мебарад, барои пос доштану ҳифзи дороиҳои маънавию эҳёи оинҳои неки ниёгони сарафрозамон вомедорад. Наврӯз моро ба ҳам меорад, моро бо мо мешиносонад, мардумро ба ваҳдату ҳамдилию муттафиқӣ мехонад. Наврӯз рӯҳи миллию фарҳангии тоҷикон, ориёиёнро то имрӯз дар худ нигоҳ дошта, рамзи ҳастии мо гаштааст.

Бо дарки ҳамин нуктаҳо буд, ки Сарвари фарҳангпарвари тоҷикон − Пешвои миллат барои мақоми ҷаҳониро соҳиб гаштани Наврӯз, ин ҷашни қудсию миллию давлатии мо, ҷаҳду талош карданд. Маҳз бо саъйу эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи мо, тоҷикон, байналмилалӣ шуд, ки ин, воқеан, мояи тафохуру сарфарозии мост.

Моро мебояд бо камоли тафохур ин ҷашни гаронмояро бо ҳама шукўҳу шаҳомат, асолату ҳақиқаташ пос дорем, ҳама анъанаҳои таърихияшро эҳё ва пояндатару бонуфузтар созем.   

Фарорасии Наврӯз ва баҳори дилафрӯз, ҳулули нуру сурур ва нармию гармӣ, эҳёи табиат, зебоию хуррамии олам бар шумо ва ҳама абнои Одам хуҷаста бод!

Баҳори файзбору Наврӯзи фусункор рӯзу рӯзгори шуморо аз шодию фараҳ саршор, умеду орзуҳоятонро пурбор, ном ва ҳама корҳои некатонро аз баракаташ мондагор, ба манзалату мартабаҳои олӣ сазовор ва рӯятонро сурх чун нор гардонад!

Наврӯз чу парчами садоқат бошад,

Наврӯз ба маънии саодат бошад.

Бархезу саломи поки ӯро бипазир,

То тифли муроди дил саломат бошад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон